Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Share

Саҳифаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

31/08/2026

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, Хонандагони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза фарорасии Рӯзи дониш, дарси Сулҳ ва ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.

Рӯзи дониш ҳамчун оғози соли нави таҳсил барои аҳли маориф ва насли наврасу ҷавон аҳамияти хоса дорад. Илму дониш ва маърифат заминаи асосии пешрафти ҷомеа, рушди давлат ва ободии Ватан мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии васеъ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад.

Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузургтарин ва неъмати бебаҳои миллати тоҷик мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи созандагиву ободониро пеш гирифта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ин неъмати муқаддасро ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди кишвар ва ободии диёри азизамон саҳми арзанда гузорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ соҳаи маориф пайваста рушд ёфта, омӯзгорону хонандагон бо меҳнати содиқона ва дастовардҳои худ дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Итминон дорам, ки омӯзгорони муҳтарам бо ҳисси баланди масъулият насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, инчунин тариқи ҳашар ва бо ҷалби соҳибкорону сокинон, зиёда аз 130 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ пурра мумфарш карда шуданд.

Ҳамчунин, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар назди муассисаи таълимии №31 чор синфхонаи замонавӣ ва дар муассисаи таълимии №32 низ чор синфхонаи замонавӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин ва ба истифода дода шуданд. Дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тариқи ҳашар се майдончаи варзишӣ ва ду толори варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Хусусан, соҳибкорон ва сокинони ватандӯсти деҳаи Заркор бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба диёр тавонистанд кӯчаҳои деҳаро пурра мумфарш намоянд.

Ҳамзамон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Заркор зери сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия ва тариқи ҳашар як бинои иловагии таълимӣ иборат аз 12 синфхонаи замонавӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин гардидааст. Айни замон корҳои ниҳоӣ ба анҷом расида, бино дар арафаи ба истифода додан қарор дорад.

Боварӣ дорем, ки бо чунин руҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳамдилию ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан корҳои созандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт.

Бигзор чунин иқдомҳои созанда ва корҳои ободонӣ боз ҳам вусъат ёфта, ба пешрафту шукуфоии диёрамон мусоидат намоянд!

Дар ин рӯзи фархунда ба тамоми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, хонандагон ва падару модарон саломатии бардавом, хотири ҷамъ, барори кор, нерӯи созанда ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.

Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидона пойдор бошад, сулҳу ваҳдати миллӣ таҳким ёбад ва Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад!

Рӯзи дониш, дарси Сулҳ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бо эҳтироми самимӣ
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов
Юлдошзода Олимбек

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 29/08/2026

БАРГУЗОРИИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29.08.2026

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 22/08/2026

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИ ДАР НОҲИЯ КОРҲОИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОШТА ТАЪМИРИ ШӮЪБАИ УРАЛОГИИ БЕМОРХОНАИ МИНТАҚАВИИ ҒӮЛАКАНДОЗ БА ИТМОМ РАСОНИДА ШУД ВА БАРОИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА АҲОЛӢ ОМОДА МЕБОШАД.

22.08.2026

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 22/08/2026

ШАНБЕГИИ УМУМИХАЛҚИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22.08.2026

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 21/08/2026

ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ КӮЧАИ БА НОМИ Н.ШЕРМАТОВ БА МАСОФАИ 1000 МЕТР КОРҲОИ МУМФАРШКУНӢ ОҒОЗ КАРДА ШУД.

21.08.2026сол

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 21/08/2026

САНАИ 21.08.2026 СОЛ БАХШИДА БА ҶАШНИ ҲУМОЮНИ МИЛЛӢ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМОЙ-И НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ КӮЧАИ БА НОМИ Ф.ҲАСАНОВ БА МАСОФАИ 1,1 КИЛОМЕТР КОРҲОИ МУМФАРШКУНИ ОҒОЗ КАРДА ШУД.

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 21/08/2026

ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ! - ҒОЛИБИЯТИ ВАРЗИШГАРИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ФАРИДУН ОДИЛОВ ДАР МУСОБИҚАИ АСА 206

“Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.

Эмомалӣ Раҳмон

Шоистаи қайд аст, ки санаи 15 августи соли 2026 дар шаҳри Москва мусобиқаи ACA 206 баргузор гардида, дар он варзишгари ноҳияи Ҷаббор Расулов Фаридун Одилов бо Алтынбек Мамашов аз Қирғизистон буд, рақибпазирӣ намуда, Фаридун Одилов бо қарори доварон пирӯз шуд.

Ин дастовард на танҳо ифтихор ва шарафи мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов, балки ифтихори тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонони варзишгарон тамоми тадбиру иқдоми зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек барои пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмиллалӣ варзишгарро табрику таҳният ва барору музаффарият таманно намуда, таъкид сохтанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонони бонангу номус ва муаррифгари Ватан дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва месазад, ки ҷавонон низ ба ғамхорию дастгириҳои пайвастаи абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба воя расонидани варзишгарони тавоно пайваста чораандешӣ мекунад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 21/08/2026

БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Санаи 21 августи соли 2026 дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар машварати мазкур намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Шаҳноза Марасулова, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, ҷавонони фаъоли ноҳия ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек зимни суханронӣ иброз доштанд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бо назардошти саҳми муассири омӯзгорон ҷиҳати пешрафти давлату миллат дар самти таъмини шароити арзандаи фаъолияти онҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.

Намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Шаҳноза Марасулова ва мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов Эгамзода Зулола низ баромад намуда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва афзун намудани дастовардҳо суханронӣ намуданд.

Сипас, чанде аз омӯзгорони фаъоли муассисаи таълимии ноҳия ба музокира баромада, барои фароҳамсозии шароити мусоиди таълиму тарбия ба Пешвои муаззами миллат миннатдории аҳли маорифро расониданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Раиси ноҳия як қатор фаъолони соҳа барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи ноҳия, Сипоснома ва бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ гардиданд.

20/08/2026

ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ!!!

ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ «МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳқиқ ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои рушди ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни ноҳиявии «Мақолаи беҳтарин»-ро эълон менамояд.

Озмун миёни ҷавонони синни аз 14 то 30-сола баргузор гардида, муҳаққиқон, донишҷӯён ва тамоми шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд иштирок намоянд.

Талабот ба мақолаҳо:

- Мақола бояд эҷоди мустақили муаллиф бошад;
- Ҳаҷми мақола аз 3 то 10 саҳифа;
- Мавод бояд бо забони адабии тоҷикӣ ва дигар забонҳо омода гардида бошад
- Истифодаи маълумоти таърихӣ, оморӣ ва сарчашмаҳои боэътимод қобили қабул буда, ба мисолҳо аз расму оинҳои сокинон ва шиносоиву боздид, истиқомату меҳмонӣ дар ин ноҳияи овозадор бартарият дода мешавад;
- Мақолаҳо набояд қаблан дар дигар озмунҳо пешниҳод гардида бошанд.

Меъёрҳои баҳогузорӣ

- Аҳаммияти мавзуъ;
- Амиқии таҳлил ва хулосабарорӣ;
- Навоварӣ ва муносибати эҷодӣ;
- Риояи меъёрҳои забони давлатӣ;
- Дурустии маълумот ва асоснокии андешаҳо;
- Арзиши илмӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ.

Муҳлати пешниҳоди мақолаҳо:

Мақолаҳо то 1 сентябри соли 2026 қабул карда мешаванд.

Ҷамъбасти озмун:

Ғолибон тибқи низомнома аз ҷониби комиссияи озмун муайян гардида, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом ва мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Мақолаҳоро метавонед тариқи чопӣ ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ошёнаи 1, утоқи кории №8, суроғаи электронӣ [email protected], шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути рақамҳои 917-07-00-09 пешниҳод намоед.

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 18/08/2026

ТАБИБОН - ВОРИСОНИ САЗОВОР ВА ИДОМАДИҲАНДАИ КОРУ ПАЙКОРИ СИНОИ ОЛАМШУМУЛ! - АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ СОҲИБОВА МУҚАДДАМ ИСТИҚОМАТКУНАНДАИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

18.08.2026

Want your organization to be the top-listed Government Service in Proletarsk?
Click here to claim your Sponsored Listing.

Telephone

Address


кӯчаи И. Нурматов №5
Proletarsk
735820

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00